Парвандаи "Крокус". Фаридуни Шамсиддин дар додгоҳ гувоҳӣ дод

Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони асосии ҳамла ба толори "Крокус".

Як додгоҳӣ низомӣ дар шаҳри Маскав рӯзи 15-уми декабр ба пурсиши Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарони асосии ҳамла ба толори "Крокус"-ро оғоз кард. Расонаҳои русӣ ба нақл аз манобеашон навиштанд, Фаридуни Шамсиддин бидуни тарҷумон ва бо забони русӣ дар додгоҳ гувоҳӣ дод.

Людмила Айвар, вакили дифои қурбониёни ҳодиса ба расонаҳо гуфтааст, аз шаҳодатҳои Фаридун ин нукта маълум шуд, ки ӯ дар вақти ҳамла чӣ кор карданашро намедонист. Қаблан ин фарзия ҳам матраҳ шуд, ки чор ҳамлавар ба толори “Крокус” аз доруҳои мадҳушкунанда истифода бурдаанд.

Дар назар аст, ки пурсиши Фаридуни Шамсиддин рӯзи 16-уми декабр идома ёбад.

Фаридуни Шамсиддин қаблан барои дастдарозӣ нисбати як ноболиғ дар Тоҷикистон ҳабс шуда буд. Ба гузориши расонаҳои русӣ, баъди раҳоӣ аз зиндон Фаридун ба Русия рафт ва ҳамчун нонпаз кор мекард.

Муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" моҳи августи имсол оғоз шуд. Дар курсии гумонбарон дар ҷиноят 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.

Аммо шубҳаву гумон ба ин парванда зиёд аст, чун дар оғози боздошт мақомоти қудратии Русия гумонбаронро шиканҷаи зиёд карданд.