Муштзани тоҷик ба финали қаҳрамонии бокси ҷаҳон роҳ ёфт

Хусравхон Раҳимов, муштзани тоҷик.

Муштзани тоҷик Хусравхон Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, ба финал баромад.

Бояд зикр намуд, дар таърихи бокси тоҷик ин аввалин бор аст, ки як муштзан аз Тоҷикистон ба финали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ пайдо кард.

Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кило дар даври ниманиҳоӣ бо шикаст додани Хуҷаназар Нортоҷиеви узбекистонӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 ба финал баромад. Ҳамакнун Раҳимов 13-уми декабр барои медали тило бо рақибаш Оразбек Асилқулов аз Қазоқистон мубориза мебарад.

Хусравхон Раҳимов, ки дар рақобати аввал бар муштзани Лесото дар раунди дуюм бо нокаут пирӯз шуда буд, дар даври 1/8-ниҳоӣ бар намояндаи Муғулистон Энх-амар Хархуу бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда, дар чорякфинал бар намояндаи Африқои Ҷанубӣ Сигвела Масибулеле бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 дастболо гардид ва ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Убайдов дар вазни 60 кило ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм рақибаш аз Англия Муҳаммад Меҳдӣ Саҳакро дар раунди сеюм бо нокаут мағлуб намуда, дар даври ҳаштякниҳоӣ бар намояндаи Македония Ален Рустамовский бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳашро ҳамвор намуд. Убайдов дар марҳилаи чорякниҳоӣ Серик Темиржанови қазоқро бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба нимфинал баромад.

Аммо дар марҳилаи ниманиҳоӣ Убайдов аз муштзани русиягӣ Всеволод Шумков бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд ва соҳиби нишони биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 75 000 доллар гардид.

Қаблан дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон аз Тоҷикистон Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Синхуандаои Чин ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Тошканди Узбекистон барандагони медалҳои биринҷӣ шуда буданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 13-уми декабр ба поён мерасад, намояндагони беш аз 120 кишвар ширкат доранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ аз рӯи ҳамаи вазнҳо 13 нафар муаррифӣ карданд. Аз байни онҳо ду нафар аз Дубай бо медал бармегарданд.

Ғолибон дар ҳар як вазн 300 ҳазор доллар, соҳибони ҷойи дуюм 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, ҷойи 5-ум 10 ҳазор доллар мегиранд. Аз ин маблағ 50 дар сад ба муштзанҳо, 25 фоиз ба мураббӣ ва 25 фоиз ба федератсияҳои миллӣ супурда мешавад.

Аз рӯйи шумораи муштзанҳое, ки ба финал роҳ ёфтанд, мунтахаби Русия дар мақоми аввал аст. Аз 13 муштзани русиягӣ танҳо як нафар Андрей Пегливанян (57 кг), ки дар даври ниманиҳоӣ аз муштзани тоҷик Хусравхон Раҳимов шикаст хӯрд, ба финал роҳ наёфт.

Инчунин ба марҳилаи ниҳоӣ шаш муштзан аз Узбекистан, чаҳор нафар аз Қазоқистон, якнафарӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус ва Озарбойҷон роҳ пайдо карданд.

Ҷуфтҳои финалии қаҳрамонии бокси ҷаҳон-2025:

  • 48 кг: Эдмонд Худоян (Русия) — Субҳон Мамедов (Озарбойҷон)
  • 51 кг: Ҳасанбой Дӯстматов (Узбекистон) — Боир Батлаев (Русия)
  • 54 кг: Вячеслав Рогозин (Русия) — Сакен Бибосинов (Қазоқистон)
  • 57 кг: Оразбек Асилқулов (Қазоқистон) — Хусравхон Раҳимов (Тоҷикистон)
  • 60 кг: Абдумалик Халоқов (Узбекистон) — Всеволод Шумков (Русия)
  • 63,5 кг: Иля Попов (Русия) — Омар Ливаза (Қирғизистон)
  • 67 кг: Асадхуҷа Муйдинхуҷаев (Узбекистон) — Евгений Коол (Русия)
  • 71 кг: Сергей Колденков (Русия) — Аблайхан Жусупов (Қазоқистон)
  • 75 кг: Собирҷон Аккаликов (Қазоқистон) — Исмоил Мусолгов (Русия)
  • 80 кг: Ҷамбулат Бижамов (Русия) — Ҷавоҳир Умматалиев (Узбекистон)
  • 86 кг: Шарабутдин Атаев (Русия) — Алексей Алфёров (Беларус)
  • 92 кг: Турабек Ҳабибуллоев (Узбекистон) — Муслим Гаджимагомедов (Русия)
  • +92 кг: Арман Маханов (Узбекистон) — Давид Суров (Русия)