Бозии ниҳоӣ шаби 10-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор шуд.
Аз ҳайати “Сипар” голҳоро бразилиҳо Леонардо Корреа Леме, Виера Де Са Фелипе и Агналдо Эдуардо ба самар расонданд. Ду голи “Соро компания” ба Реналдо Ренни мансуб аст.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаи “Сипар” бо раҳбарии сармураббӣ Сергей Коридзе, мутахассиси укроинӣ, Ҷоми Тоҷикистон-2025 супурда шуд. Бозигарону мураббиёни даста бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Виера Де Са Фелипе («Сипар») беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд.
Дастаи “Соро компания” зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо медалҳои нуқра мукофтонида шуд. Дарвоқеъ, “Соро компания” аз ҳама бештар – панҷ маротиба – солҳои 2020, 2021, 2022, 2023 ва мавсими 2024/2025 ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст.
Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар риштаи футзал
Финал
«Соро компания» - «Сипар» – 2:3
Голҳо: Леонардо Корреа Леме, 1 (0:1). Реналдо Ренни, 6 (1:1). Виера Де Са Фелипе, 32 (1:2). Реналдо Ренни, 35 (2:2). Агналдо Эдуардо, 40 (2:3).
Аз майдон хориҷ шуданд: Рафаэл Камило («Сипар»), 6 – барои задани ҳариф бо даст, Агналдо Эдуардо («Сипар»), 40 – корти 2-юми зард, Файзалӣ Сардоров (“Соро компания”), барои таҳқири довар пас аз бозӣ.
Беҳтарин бозигари дидор: Виера Де Са Фелипе («Сипар»).
10-уми декабр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ, 1300 тамошобин.