Трамп аз Украина интихобот талаб дорад, Зеленский замонатҳои амниятӣ

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мегӯяд, агар Амрико ва муттаҳидони дигар барои интихобот заминаи амниятии боварбахш фароҳам созанд, ӯ ҳозир аст дар кишвари ҷангзадаи худ интихобот баргузор кунад.

Кохи Сафед аз ҳукумати Украина хоҳони баргузории интихобот шудааст ва президент Доналд Трамп рӯзи 9 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи Politico бори дигар такрор кардааст, ки "вақти он расидааст".

Назар ба гузориши маркази хабарии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ҷанги Русия дар Украина давом дорад ва дархости баргузории интихобот дар ҳоле сурат мегирад, ки Қонуни асосии ин кишвар ба баргузории интихобот дар ҷараёни ҷанг иҷозат намедиҳад.

Зеленский гуфт, ки ӯ порлумонро ташвиқ хоҳад кард, то қонуне қабул кунад, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба интихобот иҷозат бидиҳад.

Тибқи гузоришҳо, агар барои хатми ҷанги чаҳорсолаи Русия дар Украина дар ин наздикиҳо оташбас эълон шавад ва барои баргузории интихобот шароит фароҳам гардад, дар он сурат имкон дорад, ки интихобот дар зарфи 90 рӯз баргузор шавад.