Рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик Гули Зард (Зардова Гулӣ Давлаталиевна) дар 62-солагӣ даргузаштааст. Дар ин бора чанде аз дӯстон ва мухлисони эҷодиёти ӯ рӯзи 9-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Гули Зард дар осораш бештар сарнавишти занонро ба тасвир мегирифт ва аз ҳуқуқи бонувон дифоъ мекард.
Дар соли 2018 ӯро барои китоби “Бодоми шириндона” аз узвият дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳрум карданд. Шӯрои наср ва нақди адабии Иттифоқи нависандагон он вақт гуфта буд, Гули Зард дар қиссаҳояш “ишқи бадахлоқона”-ро тарғиб карда, “завқи эстетикиву этикии хонандагонро коҳиш додааст”.
Худи Гули Зард он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳикояҳои ӯ дар ҳоле мавриди “таҳлил” қарор гирифтанд, ки ӯ аз сиёсати раҳбарони Иттифоқи нависандагон интиқод ва истеъфои онҳоро талаб кард.
Дар посух ба ин сарони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфтанд, “дар асарҳои Гули Зард ишқи бадахлоқона ва бисёрзанагӣ ташвиқ мешавад, ки хилофи қонун ва арзишҳои ҷомеаи суннатӣ ҳаст.”
Гули Зард дар соли 2020 дар яке аз барномаҳои "Гапи озод"-и Радиои Озодӣ ширкат карда, гуфта буд, ки дар оянда бояд зане раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шавад.
Нависанда ва рӯзноманигор солҳои охир андешаҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард.
Гули Зард баъд аз хатми донишгоҳи омӯзгорӣ дар мактаб, матбуот ва ниҳодҳои давлатӣ кор карда, аз худ китобҳои “Бодоми шириндона”, “Дард”, "Ашки аҷал", "Хазонрези орзуҳо", "Ишқи духтари пистафурӯш" ва ғайраро ба мерос гузошт.