Зеленский: Музокирот "созанда" буд ва тарҳи сулҳ ба зудӣ ниҳоӣ мешавад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо Кир Стармер - нахуствазири Бритониё, Фридрих Мертс - садри аъзами Олмон ва Эммануэл Макрон - раисҷумҳури Фаронса

Раисҷумҳури Украина гуфт, музокирот бо раҳбарони Бритониё, Олмон ва Фаронса дар Лондон "созанда" буд ва афзуд, ки пешниҳодҳои тарҳи сулҳ дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва рӯзи сешанбе онро ба ҷониби Амрико хоҳанд фиристод.

Владимир Зеленский рӯзи 8-уми декабр, ки барои мулоқот бо раҳбарони НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аз Лондон ба Брюссел парвоз мекард, гуфт, "фикр мекунам, ин тарҳ фардо ё тақрибан вақти аср омода хоҳад шуд. Фикр мекунам, дубора онро баррасӣ хоҳем кард ва барои Амрико хоҳем фиристод".

Ӯ афзуд, "пешниҳодҳои нав дар бораи чигунагии поён додан ба ҷанг шомили 20 нукта аст, аммо ҳанӯз ҳеч мусолиҳае бар сари қаламрав сурат нагирифтааст".

Ба гуфтаи Зеленский, Киев дар ҳеч тавофуқе бо ҳадафи поён додан ба ҳамлаи тақрибан чаҳорсолаи Маскав ҳеч ҳаққи қонунӣ ё ахлоқӣ барои вогузор кардани сарзамин ба Русия надорад.

"Оё мо вогузории сарзаминҳоро дар назар дорем? Мо тибқи қонуни Украина, Қонуни асосии худ ва қонунҳои байнулмилалӣ ҳеч ҳаққи қонунӣ барои ин кор надорем. Ҳаққи ахлоқӣ ҳам надорем," -- илова кард вай.

Владимир Зеленский рӯзи душанбе бо Эммануэл Макрон - раисҷумҳури Фаронса, Кир Стармер - нахуствазири Бритониё ва Фридрих Мертс - садри аъзами Олмон дидор ва гуфтугӯ кард.

Нахуствазири Бритониё дар ин дидор таъкид кард, ки кишвараш "дар паҳлӯи Украина меистад ва агар қарор бошад оташбасе барқарор шавад, бояд одилона ва давомдор бошад".

Эммануэл Макрон ва Фридрих Мертс ҳам бар уҳдадориашон нисбат ба тарҳе ҷиддӣ ва воқеӣ барои сулҳ таъкид карданд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар дохили ҳукумати Бритониё, шеваи истифода аз дороиҳои бандмондаи Русия барои кӯмак ба Украина, аз ҷумлаи мавзуъҳои мавриди баҳс миёни ин раҳбарон дар Лондон буд.

Пештар раҳбарони Эстония, Финландия, Ирландия, Латвия, Литва, Лаҳистон ва Шветсия хоҳони иқдоми сареи Иттиҳоди Аврупо дар заминаи таҳияи тарҳе барои истифода аз дороиҳои бандмондаи Русия барои ёрии молӣ ба Украина шуда буданд.

Ин дидор дар ҳоле сурат гирифт, ки Доналд Трамп, президенти Амрико аз Владимир Зеленский интиқод кард ва ӯро муттаҳам намуд, ки ҳанӯз ҳатто тарҳи Вашингтонро барои поёни ҷанг "нахондааст".

Тарҳи ибтидоии Амрико барои поён додан ба ҷанг, ки аз оғоз баҳсбарангез буд, шомили вогузории баъзе аз минтақаҳои ишғолшуда ба Русия дар баробари замонатҳои амниятии норӯшан барои Украина аст.