Занозанӣ байни фарзандони чеҳраҳои шинохта ва сарватманди тоҷик

Мақомоти интизомии Душанбе чанде аз фарзандони афроди сарватманд ва шинохтаро барои ҷангу даъво бо ҳам ва халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳабси чандрӯза маҳкум кардаанд.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт: “Барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Сироҷов Шердил, Алаев Манучеҳр, Аюбов Ҷовидон ва Ҳабибов Муқимҷон дастгир карда шуданд.”

Ба гуфтаи як манбаи мӯътамад дар ниҳодҳои интизомӣ, Шердил Сироҷов, фарзанди писари молики собиқи бозори “Ҷалҷам” Асадулло Сироҷов аст. Ҷовидон Аюбов, писари Зафар Аюбӣ овозхони тоҷик будааст. Як манбаи боэътимод гуфт, ки дар ин ҷанҷолу кашмакаш фарзанди яке дигар аз афроди сарватманд ҳузур доштааст, вале аз ӯ ном набурдаанд.

Дар баёнияи Раёсати умури дохилии Душанбе омадааст, ки “номбурдагон дар маркази дилхушии "Dream" бо ҳамдигар муноқиша намуда, оромии шаҳрвандонро халалдор сохтаанд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки Сироҷов Шердил мунтазам дар марказҳои дилхушӣ муноқиша ташкил намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон мекардааст.» Дар видеое, ки аз маҳалли ҳодиса нашр кардаанд, дида мешавад, ки гурӯҳе бо ҳам даъво мекунанд ва яке ҳам мушт мехӯрад. Барои ин қонуншиканӣ додгоҳ Шердил Сироҷовро ба 10 рӯзи ҳабс ва бақияро ба 5 рӯзӣ ба ҳабс маҳкум кардаанд.

Раёсати умури дохилӣ гуфтааст, аъмоли баъзе аз ин афрод тафтиш мешавад ва мумкин аст, ба зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунанд, ки барои он ҷазои сахттар пешбинӣ шудааст. Ду сол пештар ва дар моҳи декабри соли 2023 Шердил Сироҷов бо Алишер Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика ҷангу кашмакаш карда буд, ки дар ҷараёни аз ду тараф панҷ нафар аз ҷумла худи Шердил Сироҷов ҳам захмӣ шуда буд.

Дар гузашта доир ба худсариву ҷанҷол байни фарзандони афроди сарватманду шинохта гузоришҳо нашр шудааст, аммо мақомоти расмӣ ин моҷароҳоро бисёр кам шарҳ медиҳанд.