"Шарикони рушд" киҳо ҳастанд ва чаро мақомот аз саҳми онҳо кам ёд мекунанд?

Акс аз вебсайти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳар сол даҳҳо тарҳу барнома бо сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон иҷро мешаванд, вале мақомот аксар вақт аз онҳо танҳо "шарикони рушд" ном мебаранд, аммо ба мардум намегӯянд, ки шарикони рушд кистанд ва саҳмашон чист.

Ба унвони мисол, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи июни имсол ба кори Нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз бахшид. Ин нерӯгоҳро бо сармоягузории муштараки Олмон ва Иттиҳоди Аврупо сохтанд.

Аммо Дафтари матбуоти президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сармоягузорон ҳарфе нагуфт ва танҳо бо ибораи "ҷалби сармояи хориҷӣ" иктифо кард.

Коршиносон ба ҷанбаҳои гуногуни ин бархӯрд ишора мекунанд.

Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари тоҷик.

Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "ба фикри ман, сабаби асосии чунин бархӯрд, ин имиҷи сиёсии имрӯзаи Тоҷикистон аст. Давлат мехоҳад, ҷомеа ва мардумро бовар кунонад, ки хеле худкифо аст ва аз солҳои навадум бисёр тафовут дорад. Нишон додани кӯмакҳо, ба фикри ҳукумат, шояд ба манфиати ин имиҷсозӣ ва дар умум кори ҳукумат набошад. Ҳатто ҳукумат зиёда аз 4-5 сол боз дар бораи пулҳое, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, гузориш намедиҳад".

Дар баъзе аз вебсайтҳои расмии Тоҷикистон рӯйхати шарикони рушд аз Оҷонси ҳамкории байнулмилалии Ҷопон то намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳониву Бонки Осиёии Рушдро фаро мегирад.

Дар Тоҷикистон кам нестанд тарҳҳое, ки дар арсаҳои гуногун бо сармоягузории онҳо ба истифода дода мешаванд, вале ҷониби Тоҷикистон на ҳамеша аз онҳо ёд мекунад ва асосан имтиёзро ба номи худаш менависад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, ҷалби сармояи хориҷӣ як навъ талоши ҳукумат аст, аммо зикр накардани сармоягузорон дар хабарномаву расонаҳои давлатӣ, ҳадафмандона мебошад.

"Фикр мекунам, кӣ будани шарикони рушдро на ҳама дарк мекунанд ва ин як чашмбандӣ барои авом аст. Онҳое, ки аз муносибатҳои байнулмилаливу иқтисодиву тиҷоратӣ огаҳ ҳастанд, медонанд, ки манзури мақомот созмонҳои байнулмилалӣ ва бонку дигар ташкилоте ҳастанд, ки бо қарзу грант ва кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон мусоидат кардаанд, то лоиҳаҳо амалӣ шаванд. Аслан ин як чизи маъмулӣ аст. Фақат онҳое, ки номбар кардани созмонҳои мададрасонро сарфи назар мекунанд, гуфтаниянд, ки тамоми муваффақиятҳо аз фаъолияти ҳукумат вобастагӣ дорад".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро Тоҷикистон аз саҳми "шарикони рушд" кам ёд мекунад?

Илҳомҷон Ёқубов, узви Паймони миллии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъ аст, мегӯяд, ҳукумат ин корро барои боло рафтани эътибори дохилияш анҷом медиҳад.

"Ин як стратегияи идоракунии афкори омма дар кишварҳои ғайримардумӣ ва диктаторӣ маҳсуб меёбад. Агар саҳми созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ пурра ва расман зикр шавад, ниёзмандии иқтисодӣ ошкор мешавад, ки аксари кишварҳо ба мисли Тоҷикистон намехоҳанд ҷомеа ин вобастагиро донад".

Илҳомҷон Ёқубов, узви Паймони миллии Тоҷикистон.

Сарфи назар кардан аз зикри номи ниҳоду созмонҳои ёрирасон ва ночиз нишон додани саҳми онҳо дар ҳолест, ки Тоҷикистон "Стратегияи ҷалби сармоя"-ро то соли 2040 пазируфтааст ва мехоҳад ҳаҷми онро аз 5,5 миллиард доллари ҳозира то наздик ба 13 миллиард доллар бирасонад.

Тибқи омори расмӣ, дар нимсолаи аввали 2025 вуруди сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 3 миллиард долларро дар бар гирифтааст. Аз ин шумора тақрибан 145 миллион доллар сармоягузории мустақими хориҷист.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри имсол дар нишасти Dushanbe Invest-2025 гуфт, мехоҳанд Тоҷикистонро "ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат", табдил диҳанд.

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ночиз нишон додани саҳми шарикони рушд ва ном набурдани онҳо метавонад дар ниҳоят ба дилсардӣ ва кам шудани ҷалби сармоя сабаб гардад.