"Занони бемор инро аз оилаҳояшон пинҳон медоранд"

Дар Тоҷикистон хатари аз даст додани пешрафтҳо барои коҳиши маргумир аз вируси норасоии масунияти бадан ё HIV вуҷуд дорад, чун маблағгузории ин барномаҳо якбора кам шуд.

Гузориши нави UNAIDS ё Барномаи Созмони Милал дар мавриди мубориза бо ВИЧ/СПИД бо номи "Мағлубият бар бебандуборӣ. Тағйири бархӯрд бо СПИД" ба таври ҷудогона дар бораи вазъи гирифторон дар Тоҷикистон ҳам сӯҳбат мекунад.

Таҳмина Ҳайдарова, ки аз ҳамсараш ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шуду баъди марги ҳамсар хешовандони шавҳараш аз ӯ рӯ гардониданд, дар аввал эҳсос кард, ки бо ин беморӣ танҳо мондааст.

Вале дере нагузашта худ барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони олудашуда бархост. Ӯ созмони Шабакаи занони гирифтори ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистонро таъсис дод. Созмони дигари ёрирасон "Спин Плюс" аст, ки ҳамакнун ҳарду аз қатъи маблағгузорӣ нигарон ҳастанд.

Таҳмина Ҳайдарова мегӯяд, ки дар оғози соли 2025 фаъолияти ин ду созмон боздошта шуд ва кор дар самти санҷишу машваратдиҳӣ ба беморон хеле коҳиш ёфт. Ба гуфтаи Таҳмина Ҳайдарова, фаъолияти созмонҳои онҳо барои ёрӣ ба аҳолӣ бисёр муҳим мебошад.

"Дар Тоҷикистон 97 дарсади занони гирифтори вирус инро ҳатто аз оилаҳояшон пинҳон медоранд. 64 фоизи ин занҳо бо табъйизи кормандони тиббӣ рӯбарӯ мешаванд. Бидуни созмонҳои ҷамъиятӣ, пешрафтҳои зиёде аз даст меравад",-афзуд Таҳмина Ҳайдарова.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Занони бемор инро аз оилаҳояшон пинҳон медоранд"

Кӯмаке, ки созмонҳо ба ин гурӯҳи мардум мерасонанд, на танҳо аз машварати ҳуқуқӣ, балки дастгирии иҷтимоиву инсонӣ иборат мебошад ва хатари пурра аз байн рафтани чунин иртибот ба миён омаадааст.

Ба гуфтаи Пӯлод Ҷамолов аз созмони "Спин Плюс", қатъу боздошта шудани ёриҳо ва коҳиши маблағгузорӣ кори созмонҳоро ба ҳам задааст. Ӯ мегӯяд, мардуме, ки давоми солҳо барои зиндагиву кор ва иштирок дар маъракаҳои ҳаётӣ дилгарм буданд, ваё онҳое, ки ҳанӯз бемории худро намедонанд ё тоза фаҳмидаанд, онҳое, ки ба ёрии доимии иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд, ба машварат ниёз доранд ваё ба як сӯҳбати гарми инсонӣ - аз ин чизҳо маҳрум мешаванд, чунки коргарон тарки кор мекунанд.

Тоҷикистони воқеъ дар байни Афғонистон, Чин, Қирғизистон ва Узбекистон, яке аз кишварҳои нодор аст ва сеяки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин давлат аз ҳисоби пули муҳоҷирон мебошад.

Ҳисоб шудааст, ки 60 дарсади буҷаи мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон аз кӯмакҳои байналмилалӣ вобаста буда, бист дарсади ин ёриҳоро PEPFAR – Барномаи изтирории ёрӣ ба гирифторони СПИД таъмин мекард, ки онро барномаи президенти ИМА ҳам меноманд.

Азиза Ҳомидова аз Барномаи Созмони Милал дар мавриди мубориза бо ВИЧ/СПИД мегӯяд, ки "агар ин барнома барқарор нашавад, пешрафтҳои мо аз даст меравад. Ҳеч як давлат ба танҳоӣ наметавонад бо СПИД муқовимат кунад".

Дар Тоҷикистон 13 ҳазор нафар бо вируси заъфи масунияти бадан ё СПИД ба сар мебаранд ва каме беш аз нисфи онҳо мардон мебошанд.