Дидбони ҳуқуқи башар ихроҷи ҳазорон фаластиниро "ҷинояти ҷангӣ" хонд

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) берун кардани даҳҳо ҳазор фаластинӣ аз се урдугоҳи паноҳандагонро аз сӯи артиши Исроил "ҷинояти ҷангӣ" ва "ҷиноят алайҳи башарият" эълом кард. Ба гуфтаи ин созмон, ин гуруҳи фаластиниҳо аввали соли 2025 аз се урдугоҳ дар Каронаи Бохтарӣ берун карда шуданд.

Дидбони ҳуқуқи башар 20-уми ноябр дар баёнияе гуфт, 32 ҳазор фаластинӣ моҳи январ дар ҷараёни амалиёти "девори оҳанин" тавассути неруҳои Исроил овора шуданд. Оворагон аз бозгашт ба маҳалли зиндагии худ манъ шуда ва садҳо хона вайрон шудааст.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар хостори иқдомоти фаврии байнулмилалӣ барои посухгӯ кардани мақомҳои исроилӣ ва "таваққуфи нақзи бештари ҳуқуқи фаластиниҳо" шуд.

Артиши Исроил ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, зерсохтҳои ғайринизомиро аз рӯи "ночорӣ" тахриб кардаанд, то шибҳинизомиён аз онҳо "сӯистифода" накунанд. Бо ин ҳол артиши Исроил аниқ накардааст, ки сокинони ин урдугоҳҳо кай метавонанд ба маҳалли иқомати худ баргарданд.