Намояндагони ҳукумати "Толибон" аз Тоҷикистон хостаанд, назорати сафорати Афғонистон дар Душанберо ба ин гурӯҳ супорад.
Ба гузориши телевизиони "Ому", ин дархост дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Кобул дар шаҳри Кобул садо додааст.
Ин расона навиштааст, ҳукумати "Толибон" аз намояндагонии Тоҷикистон хостаанд, ин гурӯҳро ҳамчун ҳокимони нави Афғонистон ба расмият шиносанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи сафари ҳайати кишвар ба Афғонистон ва дидору гуфтугӯашон бо намояндагони "Толибон" расман чизе нагуфтанд. Ин ҳайати 14-нафара, ки ба иттилои расонаҳои Афғонистон шомили намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон мебошад, рӯзи 15 ноябр ба Кобул сафар кард.
Аммо телевизиони "Ому" гузориш додааст, ки ҳайати Тоҷикистон ба дархостҳои “Толибон” дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ ва супоридани сафорати Душанбе ба намояндаи онҳо, посухи аниқ надодааст.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе то ҳол аз сӯи Заҳир Ағбар, сафири таъйинкардаи ҳукумати пешини Афғонистон идора мешавад.
Тоҷикистон яке аз камтарин кишварҳо дар минтақа аст, ки бо гузашти чор сол аз бозгашти "Толибон" ба қудрат, Сафорати Афғонистонро ба онҳо таслим накардааст.
Пештар расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки як ҳайати баландпояи Тоҷикистон ба шаҳри Кобул рафта, бо чанд вазири ҳукумати "Толибон", аз ҷумла, вазири корҳои хориҷӣ ва вазири сарҳадот, ақвом ва қабоили ин гурӯҳ, гуфтугӯ кардаанд.
Расонаҳои Афғонистон аз қавли манобеашон навиштанд, ҷонибҳо дар бораи амният, густариши робитаҳо, мушкилоти марз ва тақвияти марзи муштарак сӯҳбат намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ намедиҳад.