Cадама дар Рашт тӯйхонаро ба мотамхона табдил дод

Дар ноҳияи Рашт дар вақти тӯй мошине ба сутуни бетонӣ бархӯрда, сабаби марги 3 ҷавон шудааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ ҳодиса 16-уми ноябр рух додааст.

Як манбаи огоҳ аз ҳодиса гуфт, як оила аз деҳаи Навобод вақте ба барои овардани арӯс ба деҳаи Бедак мерафтанд, ногоҳ яке аз мошинҳо ба сутуни канори роҳ бархӯрдааст.

Дар ин ҳодиса се ҷавон ба ҳалокат расидаанд, ки якеашон хонандаи синфи 11 ва дуи дигар 21 ва 28 сол доштанд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин ду нафари дигар, аз ҷумла ронандаи мошини "Опел" сахт ҷароҳат бардошта, зери назорати пизишкон қарор доранд.

Сокинони деҳаи Навобод гуфтанд, яке аз қурбониён бародари домод буд ва дар як лаҳза тӯйхона ба мотамхона табдил ёфт. Як намояндаи ҷамоати Навобод ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Солона дар садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо кас кушта ва маъюби якумрӣ мешаванд. Мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамвор, ҳаракат бо суръати баланд ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат, аз сабабҳои маргумири зиёд дар роҳҳо номбар мегардад.