Хабарнигорон номи беш аз 145 000 низомии кушташудаи русро маълум карданд

Як таҳқиқоти журналистӣ исми 145 ҳазору 258 сарбози русро маълум кардааст, ки аз оғози ҷанг дар Украина кушта шудаанд.

Шахсияти низомиёни кушташударо хабарнигорони “Медиазона” ва бахши русии “Би-би-си” дар якҷоягӣ бо ихтиёриён маълум кардаанд.

Бино ба навиштаи хабарнигорони ин ду расона, дар давоми ду ҳафтаи охир шумораи кушташудагон қариб 5000 нафар афзудааст. Муаллифон мегӯянд, якбора мизони маргу мир миёни ноболиғон дар майдони ҷанг бештар шудааст. Ин ба қонунҳои нави Русия марбут будааст, ки маҳдудияти ҷалби шахсони 18 соларо ба ҷанг бекор кард.

Дар гузориш омадааст, эҳтимол онҳо пас аз як ё ду моҳи бастани қарордод дар майдони ҷанг кушта мешаванд.

Ба навиштаи хабарнигорон шумори воқеии талафоти Русия хеле бештар аз онест, ки тавассути манбаҳои боз ошкор мешавад.

Коршиносони низомӣ ҳадс мезананд, ки таҳқиқи қабристонҳои Русия, бойгонии низомиён ва хабару эълонҳо танҳо аз 45 то 65 дарсади қурбониёни воқеиро фаро мегирад. Дар бораи на ҳамаи сарбозони кушташуда ошкоро хабар дода мешавад.