Мухолифати Миронов ба додани сабукиҳо ба фарзандони мактабхони муҳоҷирон

Сергей Миронов.

Сергей Миронов, вакили рус, ки бо муҳоҷирбадбинияш ном баровардааст, ба пешниҳодҳо дар бораи сабук кардани қоидаҳои қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактаб мухолифат кардааст.

Вай дар сафҳаи "Телеграм"-и худ навиштааст, вақте аксари фарзандони муҳоҷирон натавонистанд имтиҳони забони русиро супоранд, ба вакилони Дума пешниҳодҳо расид, ки тартиби супурдани имтиҳон барои кӯдаконро бозбинӣ ва осонтар кунад.

Аммо Сергей Миронов, мегӯяд, ин як баҳонае барои роҳ ёфтани кӯдакони ноомодаи муҳоҷирон ба мактабҳои Русия хоҳад буд. Вай таъкид кардааст, ки вазифаи мактаб мутобиқ кардани ин кӯдакон бо ҷомеа нест, балки фақат омӯзиш додан ва тарбияи кӯдак аст. Ба гуфтаи вакили рус, агар волидон аз ӯҳдаи ин кор набароянд, кӯдакон бояд ба хонаҳои худ баргардонида шавад.

Моҳи апрели соли равон дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар асоси он кӯдакони муҳоҷирон танҳо пас аз супурдани имтиҳони забони русӣ ба мактаб қабул мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Русия моҳи сенябр 87 дарсади кӯдакони муҳоҷирон аз ин имтиҳон нагузаштанд.