Оғози маъракаи ваксинзании духтарон барои пешгирӣ аз саратон

Акс аз бойгонӣ.

Сар аз имрӯз, якуми октябр дар Тоҷикистон маъракаи ваксинзанӣ зидди навъҳои хатарноки вируси папилома оғоз шуд. Вирусе, ки ба гуфтаи табибон дар 80 дарсади ҳолатҳо занонро гирифтори саратони гарданаи бачадон мекунад.

Бино ба иттилои Маркази Ҷумҳуриявии имуннопрафилактикӣ, духтарони аз 10 то 14-сола бо иҷозаи волидон дар мактабҳои миёна ва ё дармонгоҳҳо ройгон эм карда мешаванд. Қарор аст 520 ҳазор духтарони наврас дар кишвар бо ваксинаи Гардасил эм карда шаванд.

Масъулини мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз чанд рӯз ба ин сӯ волидонро ба гирифтани ваксина даъват доранд. Бархе аз падару модарон аллакай ба ин даъватҳо посухи рад додаанд.

Аз волидоне, ки намехоҳанд духтаронашон эм карда шаванд, хоста шудааст, ин посухи худро хаттӣ ба раҳбарияти мактабҳо пешниҳод кунанд.

Мақомоти вазорати тандурустӣ таъкид мекунанд, ки ин ваксина ягон зарару паёмаде надорад ва метавонад духтаронро аз гирифторӣ ба чанд омоси бадсифати дигар ҳифз кунад.