Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбе барои иштирок дар иҷлосияи 80-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Амрико сафар кард.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар бораи барномаи сафари президент ба ИМА ҷузъиёти бештар дода нашудааст.
Қарор аст дар ҷаласаи навбатии Маҷмааи умумии СММ масоили амнияту субот, мубориза бо паёмадҳои тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор ва ислоҳот дар низоми кори СММ матраҳ шавад.
Раҳбарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ҳам рӯзи 20-уми сентябр барои ширкат дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ вориди Амрико шудааст.