Дафтари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи 13-уми апрел кушта шудани ҳашт коргари покистонӣ дар Эронро маҳкум кард ва аз Теҳрон хост, омилони ин ҳодисаро боздошт кунад ва ҷазо диҳад.
Тибқи маълумоте, ки Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ нашр кард, шахсони мусаллаҳ рӯзи 13-уми апрел вориди як корхона дар шаҳри Маҳристон дар вилояти Сиистон ва Балучистон шуданд ва дасту пои коргарони покистониро, ки хоб буданд, бастанд ва сипас онҳоро тирборон карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ҳамларо "террористӣ" хонд ва эълон кард, ки Теҳрон аз "ҳеч иқдоме барои шиносоии омилон ва пуштибонҳои ин ҷиноят ва иҷрои адолат дар мавриди онҳо, кӯтоҳӣ нахоҳад кард".
Ба иттилои Радиои Фардо, гурӯҳи "Артиши озодибахши Балучистон", ки як гурӯҳи ҷудоиталаби покистонӣ аст, ва ҳамчунин "Ҷайш ал-Адл" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтаанд.
"Артиши озодибахши Балучистон" аз сӯи Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва ҳукумати Покистон ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст.