Нишасти изтирории ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар Алмато

Акс аз бойгонӣ.

Ширкати "Сомон Эйр" фуруди изтирории ҳавопаймоашро дар фурудгоҳи Алмато шарҳ дод.

Рӯзи 7-уми апрел наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, ки ҳавопаймои "Сомон Эйр" бо мушкил фуруд меояд.

Ин парвоз рӯзи 5-уми апрел дар хатсайри Душанбе-Алмато анҷом шудааст.

"Сомон Эйр" дар хабарномае навишт, ки ҳангоми пойин шудани ҳавопаймо ба фурудгоҳи Алмато ногаҳон шамоли сахт вазид.

Ширкат гуфтааст, новобаста аз вазъи бади ҳаво, ҳамаи мусофирон сиҳат ба ҷойи зарурӣ расиданд.

Дар навори пахшуда ба шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки марде мегӯяд, "то ҳаминҷо ҳаво абр буд, ҳавопаймо ларзид".

Ҳамчунин дар навор садои занон ва кӯдакон шунида мешуд, ки зоҳиран тарсида буданд.

Дар хатсайри Душанбе-Алмато ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Эйр Астана" парвоз мекунанд.