Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши тозае гуфтааст, ки соли 2024 пули муҳоҷирони тоҷик 45 дар сади тавлиди нохолиси миллиро ташкил додааст, ки баландтарин дар ҷаҳон аст. Дар ду ҳамсоякишвар, аз ҷумла Қирғизистону Узбекистон ин рақам мутаносибан 24 ва 14 дар садро ташкил медодааст.
Дар таҳқиқоти фарогири Бонки Ҷаҳонӣ бо номи “Роҳ ба сӯи пеш”, ки рӯзи 5-уми март дар Тошканд муаррифӣ шуд, омадааст, ки муҳоҷират ҳамчунон як манбаи асосии даромад барои миллионҳо нафар боқӣ мондааст. Ба қавли муаллифони гузориш, муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кор дар хориҷ метавонанд, даромади худро ду ё се баробар кунанд, ки ин ба таври чашмгире сатҳи зиндагии хонаводаҳои онҳоро беҳбуд мебахшад.
Бино ба тахмину оморҳои гуногун бештар аз 1 миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва солона садҳо миллион доллар ва на камтар аз 1 миллиард доллар ба кишвар мефиристанд. Аммо даромади онҳо соддаву осон ба даст намеояд ва рӯзона дар бораи бадрафтории мақомоти интизомӣ бо муҳоҷирони тоҷик, истисмор ва беҳуқуқии онҳо гузориш мерасад.
Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, кишварҳои муҳоҷирфирист бояд, як системаи сабти номи муҳоҷирони кориро ба роҳ монанд ва бо кишварҳои мизбон дар бораи риояти ҳуқуқи онҳо қарордоду созишнома банданд. Айни замон ба кишварҳои муҳоҷирфирист мисли Тоҷикистон тавсия додаанд, саъй кунанд, то кишварҳои мизбон пули ҳифзи иҷтимоӣ ва бимаи муҳоҷиронро ба ватанҳояшон бифристанд.