IRS мегӯяд, кормандонаш 7 мошинро аз зери тарма берун оварданд

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Чаноқ, гуфт, шаби 2 ба 3 март дар масири ягона аз пойтахт ба шимол, 7 мошинро аз зери тарма берун овардааст.

"Бо кӯмаки кормандони мо 7 мошин аз тарма раҳо гардид, хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест",-омадааст дар хабарномаи ин ширкат.

Тибқи иттилои ширкати IRS, шаби гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 13 тарма фаромада ва бориши пуршиддати барф идома дорад. Баландии барф дар баъзе мавзеъҳо 60 сантиметр гузориш шудааст.

Ширкати IRS мегӯяд, ки бинобар хавфи резиши тарма, ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққат қатъ шудааст. "Баробари рафъ гардидани монеаҳои зикршуда ҳатман иттилоъ медиҳем",-гуфтааст IRS.

Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон бориши барф ва боронро дар рӯзҳои 2-3 март дар аксари манотиқи Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Ҳар сол дар охири фасли зимистон ва аввали баҳор фаромадани тарма ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистонро мушкил мекунад.