Хабаргузории қирғизии kaktus.media навишт, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар порлумон гуфтааст, "шурӯъ аз имрӯз муҳри махфӣ ё "барои истифодаи хидматӣ" аз созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон бардошта мешавад".
Ба гуфтаи вай, аз ин ба баъд ҳамаи масъалаҳо ошкоро баррасӣ хоҳанд шуд. Тошиев дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон аз вакилон даъват кардааст, ки "коғазу қалам бигиранд ва суханронии ӯро бо диққат гӯш кунанду нависанд ва суол диҳанд".
"То ин замон ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар шакли "барои истифодаи хидматӣ" буданд, зеро ҳангоми кор метавонистанд, шарҳу тавзеҳҳои гуногун сар зананд ва ба натиҷаҳо таъсири манфӣ расонанд. Аммо сар аз имрӯз мӯҳри "истифодаи дохилӣ" бардошта мешавад, мо ҳамаро ошкоро баррасӣ мекунем, зеро мо аллакай ба созиш расидем, имзо гузоштем. Баъди он, ки дар кумитаҳо (дар порлумони Қирғизистон. Р.О.) тарҳро баррасӣ мекунанд, ин ҳуҷҷат аз сӯи президент имзо гузошта мешавад. Баъдан мо барои тасдиқ (ратификатсия) ба порлумон бармегардем, баъди он президентҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд, созишнома баста мешавад",-гуфтааст Тошиев.
Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодааст ва маълум нест, ки оё порлумони Тоҷикистон ба баррасии созишнома оғоз кардааст ё не.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон, Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар се санадро имзо карданд. Инҳо:
- Созишнома миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи марзи давлатӣ
- Созишнома оид ба сохтмон ва истифодабарии роҳҳо байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҷойгиршавӣ ва истифодабарии чорроҳаҳо
- Созишнома миёни кобинаи вазирони Қирғизистон ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикӣ
Аммо ҷузъиёти ин санадҳо расонаӣ нашудааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, тарафҳо ҳанӯз дар масъалаи роҳҳо ва иншооти обрасонӣ ба натиҷа нарасидаанд.
Мақомоти қирғиз ахиран гуфтанд, ки рӯзи 31-уми марти имсол роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд вомехӯранд. Дар ин бора Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон хабар дод ва гуфт, дидори роҳбарони се давлат, қадами муҳиме барои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад шуд.
Ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишнома дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо кунанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.