Ҳукумат барои баргардондани қарзи хориҷӣ 43 млн сомонӣ ҷудо кардааст

Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардондани қарзи хориҷӣ аз Бунёди суботи рушди иқтисодӣ ё Фонди стабилизатсионӣ 43 миллион сомонӣ ё наздики 4 миллион доллар ҷудо кардааст.

Қарори ҳукумат 14-уми феврал содир шуда, Радиои Озодӣ 27-уми феврал бо он шинос шуд. Дар санад омадааст, 43 миллион сомонӣ аз ҳисоби суд ё фоидаи саҳмияҳои давлатӣ пардохта мешавад.

Имсол муҳлати пардохти пули евробондҳо ва ҳам як қисм қарзи "Эксимбонк"-и Чин фаро мерасад ва барои ҳамин, харҷи Тоҷикистон барои бозгардондани қарзи хориҷӣ як баробар зиёд мешавад.

Соли 2025 кишвар бояд 473 миллион долларро бояд бозпас бидиҳад. То ин вақт Тоҷикистон солона барои пардохти қарзи хориҷӣ ва баҳраи онҳо бештар аз 200 миллион доллар харҷ мекард.

Намояндагони Вазорати молия пештар гуфта буданд, ки ҷойи нигаронӣ нест ва барои бозпас додани қарзи хориҷӣ дар буҷа маблағҳои лозим пешбинӣ шудааст.

Бар асоси қарори нав, маълум мешавад, ки ҳукумат барои ин кор аз Фонди стабилизатсионӣ истифода мебарад.