Намояндагони IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ хабар доданд, ки ҳодиса субҳи 25-уми феврал дар километри 78-уми ин шоҳроҳ, рух дод.
Ба гуфтаи IRS субҳи имрӯз дар чанд мавзеъ тарма фаромада ва боиси қатъи муваққати ҳаракати мошинҳо дар ин масир шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз резиши шадиди барфу борон дар рӯзҳои 25-ум ва 26-уми феврал пешгӯӣ хабар дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳам ба сокинон тавсия додааст, ки дар вазъи номусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Ҳар сол дар фасли зимистону баҳор фаромадани тармаву сангпора дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабт шуда, борҳо боис ба талафоту бастани роҳ гаштааст.
Ҳукумат масъулияти нигоҳубини роҳи пулакиро аз соли 2009 ба ширкати IRS додааст. Соҳиби ширкат маълум нест.