Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ дигарбора хост, "дар ин замони ноором" ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот ва волоияти қонунро дар тамоми ҷузъу томҳои низомӣ таъмин кунанд.
Ӯ рӯзи 22-уми феврал ҳангоми суханронӣ дар раҳпаймоии низомӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсиси артиши Тоҷикистон гуфт, фармондеҳон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “вазифадоранд, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.”
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои вуҷуди бадрафторӣ ва зӯргуӣ бо сарбозони навомада, худкушӣ дар байни онҳо ва таъмини номуносиби сарбозон пайваста танқид мешавад. Ҳамин моҳ Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, парвандаи 78 нафар мансабдорро барои тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии вазорати дифо ба додгоҳ фиристодааст. Ба гуфтаи мақомот, ин пули зарурӣ барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва амнияти кишвар бо мусоидати чанде аз масъулон дуздида шудааст.