Сафири Саудӣ: "Ҳангоми Ҷоми Ҷаҳонии Футбол ҳам истеъмоли шароб манъ аст"

Зиндагии шабона дар Арабистони Саудӣ, ки нӯшидани ҳаргуна нӯшокии спиртӣ дар он манъ аст.

Холид Бандар ал-Сауд, сафири Арабистони Саудӣ дар Бритониё гуфтааст, ҳангоми баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2034 дар кишвараш мухлисон иҷозаи нӯшидани шароб ва ё ҳар нӯшокии спиртии дигарро нахоҳанд дошт.

Онҳое, ки ба дидани яке аз мусобиқоти сертамошобини дунё мераванд, иҷоза надоранд, дар ҳеч куҷо, аз ҷумла меҳмонхонаву ресторан ва майдонҳои футбол машруботро бинӯшанд. Баръакси Қатар, ки ба сайёҳон иҷоза медиҳад, дар ҷойҳои махсус машрубот бинӯшанд, Арабистони Саудӣ кишварест, ки истеъмоли машруботро комилан манъ кардааст.

Холид Бандар ал-Сауд гуфтааст: “Айни замон мо нӯшидани машруботро иҷоза намедиҳем, чун бе машрубот ҳам шодиву хурсандӣ кардан ҳам мумкин аст.”

Моҳи декабри соли гузашта Арабистони Саудиро бо як қарори баҳсбарангез мизбони Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2034 интихоб карданд, чун нигарониҳо аз риояти ҳуқуқи инсон дар ин кишвари муҳофизакор зиёд аст.