Дар Чин ақди никоҳ ба ҳадде кам шудааст, ки...

Маҳдудиятҳои пешин сабаб шудааст, ки теъдоди аҳолии ҷавон ва синни издивоҷ кам шавад.

Теъдоди ҷуфтҳое, ки дар Чин соли гузашта ақди никоҳи расмӣ бастаанд, дар муқоиса ба соли 2023 бист дар сад камтар шудааст, ки поинтарин сатҳ аз замони сабти алоҳидаи ин омор дар кишвар будааст.

Дар ин бора нашрияи “Гордиан” бо такя ба омори идораҳои расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар додааст. Соли 2023 дар Чин 7 миллиону 700 ҳазор ақди никоҳи расмӣ бастаанд, вале ин рақам соли гузашта то 6.1 миллион поин омадааст.

Аз соли 1986 то кунун чунин омори поин сабт нашуда будааст. Айни замон соли гузашта 2.6 миллион ҷуфт барои ҷудо шудан ариза додаанд, ки 1.1 дар сад бештар аз соли 2023 аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин дуввумин кишвари сераҳолии ҷаҳон аст.

Даҳсолаҳо боз мақомот бо сиёсати сахтгиронае намегузоштанд, ки оилаҳо на бештар аз як фарзанд дошта бошанд ва маҳдудиятҳо сабаби он шудааст, ки мардуми камтаре ба синни издивоҷ расидаанд ва ё ба издивоҷ майл надоранд.

Гузашта аз ин аҳолии Чин пир мешавад, ки ба ояндаи иқтисоди кишвар хатари зиёд дорад. Бо вуҷуди тағйири сиёсат ва ташвиқи мардум ба издивоҷу соҳиби фарзанд шудан, ҷавонони Чин солҳои ахир камтар издивоҷ мекунанд, чун зиндагӣ қимат мешавад ва кор ҳам кам аст.