Вазир гуфт, бозгардонидани тоҷикон аз Сурияву Ироқ масъалаи муҳим аст

Зани тоҷик дар додгоҳи Ироқ. Акс аз бойгонист.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз гӯшаҳои ҷангзадаи ҷаҳон ва ҳамоиши онҳо ба зиндагии оддӣ як масъалаи муҳим барои ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Ӯ рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, то кунун 381 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Сурияву Ироқ ба кишвар баргардондаанд ва дар вақти мусоид ба ин кор идома медиҳанд.

Сироҷиддини Муҳриддин гуфт: “Мо ният дорем, тамоми он шаҳрвандони худро, ки хоҳиши бозгашт доранд, аз урдӯгоҳҳо ба ватан баргардонем. Баъди онки вазъ дар минтақа ором шавад, комиссияи ҳукуматӣ корро сари ин масъала аз нав оғоз мекунад.”

Баъди зуҳури ДОИШ ва ишғоли қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни он садҳо ҷавони тоҷик ба сафи ин гурӯҳи террористӣ пайваста ва зану фарзандони худро ҳам бо худ ба онҷо бурданд. Теъдоди зиёде аз он ҷангҷӯён куштаву беному нишон шудаанд ва қисмате аз зану фарзандони онҳо ҳанӯз дар урдӯгоҳҳои Сурияву Ироқ мондаанд.