Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, қатлу куштор, яке аз ҷиноятҳои мудҳиш дар кишвар соли 2024 ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст.
Дар баёнияи расмӣ, ки вазорати корҳои дохилӣ, ки рӯзи 13-уми феврал нашр кард, омадааст, соли гузашта дар Тоҷикистон 75 мавриди одамкушӣ ва қасди одамкушӣ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2023-ум 18 маврид бештар аст. Соли 2023 дар Тоҷикистон 57 нафарро куштаанд ва ё ба ҷонашон сӯиқасд кардаанд. Соли 2022 дар кишвар 58 мавриди қатл ва сӯиқасд ба ҷони инсон сабт шудааст.
Дар баёнияи вазорати корҳои дохилӣ дар бораи сабабҳои афзоиши якбораи ин ҷинояти сангин чизе нагуфтаанд, аммо зоҳиран қатлҳои пайваста дар шаҳри Конибодом дар соли 2024 сабаби зиёд шудани омори нохушоянд барои ҷомеа ва ҳам дардисарсоз барои мақомоти интизомии Тоҷикистон шудааст. Дар ин сол 23 узви 7 хонаводаро дар Конибодом бераҳмона куштанд ва то кунун таҳқиқи ин ҷиноятҳо идома дорад.