КМИР 68 номзадро сабти ном кардааст

Акс аз бойгонӣ.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон номзадҳои аҳзоб аз рӯйхати ҳизбиро сабти ном кардааст.

Ин ниҳод дар хабарномае навиштааст, ки 68 номзад сабти ном шудаанд. Шаш ҳизби Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ номзадии 70 нафарро пешниҳод карда буданд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ду номзади Ҳизби демократ сабти ном нашудаанд, аммо сабабаш маълум нест.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешавад, ягон номзад пешниҳод накардааст. Намояндагони ҳизб сабаби инро шарҳ надоданд.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, бо 28 номзад, аз ҳама зиёд Ҳизби халқии демократӣ номзад пешниҳод кард ва ҳамаи онҳо сабти ном шудаанд.

Аз ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ 13 номзадӣ, сотсиалистӣ 6, коммунистӣ 5 ва Ҳизби демократӣ 3 номзад ба қайд гирифта шудаанд. Аксари ҳизбҳо тарафдори ҳукумат гуфта мешаванд.

Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нагуфтанд, ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ чанд номзадро сабти ном кардаанд.

Аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 22 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 намоянда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Интихоботи вакилони порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар кишвар рӯзи 2-юми марти имсол баргузор мешавад.