Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ду нафарро аз дарёи Сир наҷот додаанд. Ҳодиса 7-уми феврал дар шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аввал як сокини 26-солаи Хуҷанд, бо нияти худкушӣ худро аз болои пул ба дарёи Сир партофтааст. Роҳгузаре бо номи Муслим Ҷӯраев барои наҷоти ин нафар худро ба дарё партофтааст.
Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, вақте наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҳардуи онҳо наметавонистанд ба соҳил расанд. Ғаввосон ё имдодгарони Кумита ҳардуи онҳоро аз об зинда берун овардаанд.
Дар як ҳафтаи ахир ин дуюмин ҳодисае аст, ки сокинон бо нияти худкушӣ худро ба дарёи Сир мепартоянд. Рӯзи 4-уми феврал як духтари 26-солаи сокини ноҳияи Спитамен худро ба Сирдарё партофт ва ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ӯро наҷот доданд.
Ҳамасола дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.