ФСБ гуфт, чор зан бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт гардид

Акс аз як амалиёти ФСБ дар Доғистон. Июли соли 2024

ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи 7 феврал аз ҳабси чор зан бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, занҳо дар Воронеж, Ростови лаби Дон ва дар шаҳри ишғолшудаи украинии Севастопол боздошт шудаанд. Ҳуввияти ин занҳо ошкор намешавад. ФСБ иддао кардааст, ки ин занҳоро хадамоти махсуси Украина барои ташкили ҳамлаҳои террористӣ зидди афсарони баландпояи вазорати дифои Русия ва ҳам зидди маҷмӯаҳои энергетикии ин кишвар омода кардааст.

Дар манзили ин занҳо маводи тарканда, маълумот дар бораи таҳияи силоҳи мунфаҷира ва ҳам дастгоҳҳои тамос бо “кураторҳои украинии онҳо” ошкор шудааст. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо аз рӯи моддаи терроризм боз шуда, боздоштшудаҳо ба гуноҳи худ иқрор шудаанд, гуфтааст ФСБ.

Санҷидани ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад. ФСБ ва дигар сохторҳои қудратии Русия аз ҷониби мухолифону мунаққидон барои иттиҳомҳои беасос ва сохташуда ба хотири намоишкорӣ бисёр интиқод мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ФСБ аз маҳви ду "террорист" хабар дод, бо навиштаҳои тоҷикӣ дар телефони онҳо"Ночаспо ва шубҳанок". Назари коршиносон ба ривоят ва фактҳои қазияи "Крокус"Аз академияи ФСБ то муовини сарвазир. Вориси эҳтимолии Путин кист?Боздошти як шаҳрванди Узбекистон дар робита ба куштори генерали рус