Нашрияи “Коммерсант” бо такя ба иттилои ширкати таҳлилии DSM Group навиштааст, аз моҳи январ то ноябри соли 2024 дар Русия 16 миллион қуттӣ дору барои рафъи афсурдагӣ харидаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 тақрибан 17 дар сад зиёд аст.
Ба иттилои Маркази рушди фанновариҳои нав дар Русия, талабот ба доруҳои афсурдагӣ дар Русия 22 дар сад афзудааст. Дар умум дар 11 моҳи соли 2024 дар ин кишвар мардум бо арзиши 13.5 миллиард рубл доруҳои мазкурро харидаанд.
Сабабҳои афзоиши талабот ба доруҳои афсурдагиро нагуфтаанд. Хариди ин доруҳо баъди оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 башиддат зиёд шуда буд ва фақат дар шаш моҳи он сол 87 дар сад афзуд. Мутахассисон мегуфтанд, ки сабаби афзоиши изтиробу афсурдагӣ, ҷанг, оқибатҳои таҳримот ба зидди Русия ва тарс аз камбуди доруву дигар мавод буд.