Дар Эрон ду рӯҳонии мӯътабар ва додрасҳои шинохтаро куштаанд

Муҳаммад Муғиса ва Алӣ Разинӣ

Дар ҳамлаи як марди мусаллаҳ ба Додгоҳи олии Эрон ду додраси шинохтаи ин кишвар кушта шудаанд.

Дафтари матбуоти Девони олӣ ва ё Додгоҳи олии Эрон рӯзи 18-уми январ гуфт: “Як фарди мусаллаҳи нуфузӣ дар Девони олии кишвар "дар иқдоми барномарезишуда иқдом ба террори ду қозӣ кард.” Дар натиҷа Алӣ Разинӣ ва Муҳаммад Муғиса ду додраси шинохта ба ҳалокат расидаанд ва яке дигар захмӣ шудаанд.

Сабаби ҳамла ҳоло маълум нест. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Девони олии Эрон, ҳамлавар ҳеч парвандае дар додгоҳ ва ё ҳеч иртиботе бо додгоҳ надоштааст. Девони олии Эрон, баландтарин мақоми низоми адлия аст ва раиси онро раҳбари олии кишвар таъйин мекунад. Қароргоҳи он дар Теҳрон аст ва дар саросари Эрон шӯъба дорад. Ҷузъиёти ҳамла норӯшан аст, вале ба гуфтаи дафтари матбуоти Девони олӣ, ҳамлавар пас аз тирандозӣ ба тарафи додрасҳо “зуд худкушӣ кардааст.”

Дигар расонаҳои Эрон навиштаанд, ки ҳамлавар “фарди нуфузии амниятӣ” будааст, ки аввал посбонро бо корд захмӣ карда, сипас туфанги ӯро гирифта, сӯиқасдро анҷом додааст. Ҳарду додраси кушташуда дар низоми адлияи Эрон мақомҳои баланде доштаанд. Муҳаммад Мӯғиса раиси муҳокимаи чандин парвандаҳои сиёсӣ аз ҷумла раиси муҳокимаи тарафдорони Ҷунбиши сабз, аз ҳаракатҳои мухолифи давлат дар соли 2009 будааст.

Ба зидди ӯ барои зери по кардани ҳуқуқи инсон Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо таҳрим эъмол кардаанд. Алӣ Разинӣ ҳам мақомҳои баланде дар низоми адлияи Эрон доштааст ва мухолифони давлат мегӯянд, ки ӯ дар қатҳои занҷираии худсаронаи зиндониёни сиёсии Эрон дар соли 1988 нақш доштааст.