Баёния дар замоне нашр мешавад, ки дар кишвар бемориҳои роҳҳои нафас зиёд паҳн шудаанд ва аҳволи баъзе аз беморонро бисёр бад мекунад. Вазорат рӯзи 18-уми январ гуфт: “Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла «WhatsApp» ва «Telegram» матни тавсияномае аз номи Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба хуруҷи навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон паҳн мегардад.”, ки бофта аст ва ҳеч иртиботе ба вазорат надорад.
Дар тавсияномае, ки бе муҳру имзову бе санади расмӣ аст ва Радиои Озодӣ ҳам онро дид, ба мардум тавсия дода мешавад, ки ниқоб пӯшанду эҳтиёткор бошанд. Вазорат аз мардум хостааст, ки “ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба хуруҷи сирояти мазкур, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар накунанд.”
Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки айни тавсиянома соли 2023 ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон васеъ паҳн гашта сабаби нашри раддияи вазорат шудааст. Дар баёнияи пешинаи вазорат омадааст, ки “ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок”.
COVID-Omicron XBB, як навъе аз бемории СOVID аст, ки чанд сол пеш дар саросари ҷаҳон паҳн шуд ва миллионҳо нафарро кушт.