Вазорати энергетика: аҳолӣ бояд 10 соат барқ гиранд

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон гуфтааст, сокинони деҳаҳо дар шабонарӯз бояд 10 соат барқ дошта бошанд.

Намояндагони ин Вазорат ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтаанд, мувофиқи реҷа ба аҳолӣ субҳ аз соати 5 то 8 ва бегоҳ аз соати 16 то 23 бояд барқ дода мешавад.

Аммо дар ин рӯзҳои сард, шикоятҳо аз иҷро нашудани ҳамин реҷаи таинкардаи мақомот зиёд аст. Баъзе сокинони шаҳри Душанбе, ки бояд шабонарӯз бо барқ таъмин бошанд, мегӯянд, барқи манзили онҳоро тақрибан ҳар рӯз қатъ мекунанд.

Ширкати "Барқи Тоҷик" моҳи сентябр эълон карда буд, ки зимистони имсол "бисёр сарду тӯлонӣ" хоҳад буд ва бинобар ин аз 22-юми сентябр ба мардум бо маҳдудият нерӯи барқ медиҳад. Пештар мавсими "лимит" моҳи октябр оғоз шуда, дар моҳи апрел ба поён мерасид.

Таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии ҳукумати Тоҷикистон дар бештар аз сӣ соли охир аст, ки бо вуҷуди бунёди баъзе аз нерӯгоҳҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.