Президент барои ҷорӣ кардани ҳолати ҷангӣ дар Кореяи Ҷанубӣ узр пурсид

Президенти  Кореяи  Ҷанубӣ Юн Сок Ёл. 7 декабр

Президенти  Кореяи  Ҷанубӣ Юн Сок Ёл рӯзи 7 декабр барои ҷорӣ кардани ҳолати ҷангӣ дар кишвар узрхоҳӣ кард ва ваъда дод, ки аз иҷрои масъулиятҳояш канорагирӣ намекунад.

Хабаргузории "Рёнхап" бо такя ба муроҷиате аз дафтари президенти Кореяи Ҷанубӣ навишт, ӯ гуфтааст: “Маъзарат мехоҳам. Аз одамоне, ки бисёр тарсиданд, узр мепурсам”. Юн гуфтааст, ки эълони ҳолати ҷангӣ дар кишвар натиҷаи “як ҳолати ноилоҷии президент буд, ки масъули умури давлатӣ дониста мешавад”. Ӯ ваъда дод, ки омода аст барои рафтораш масъулияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нишон диҳад ва, ба навиштаи KBS, таъкид намуд, ки ҳолати ҷангии дуюм “ҳеҷ гоҳ эълон намешавад”.

7 декабр қарор аст парлумон барои қабули тарҳи эълони нобоварӣ ё импичмент ба президенти Кореяи Ҷанубӣ овоздиҳӣ барпо кунад. Ин тарҳро мухолифон пешниҳод кардаанд, чун мегӯянд, ки Юн мехост табаддулоти давлатӣ барпо кунад. Дар ҳизби ҳоким гуфтанд, ки истеъфои президент амри ногузир мебошад.

Рӯзи 3 декабр Юн эълон кард, ки, ба гуфтааш, “ба хотири мубориза бо ҷонибдорони дохилии Кореяи Шимолӣ” дар кишвараш ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мекунад. Қароре, ки шаш соат умр дид, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили эътирозҳо, корпартоиро манъ карда, дар кишвар сензура ва кори додгоҳҳои низомиро фаъол мекард, ки ҳақи содир кардани ҳукмҳои маргро доранд.

Мухолифон гуфтанд, ки дар назди парлумон беш аз 5 ҳазор эътирозгар ҷамъ шудааст. Депутаҳои парлумон дар лаҳзаҳое, ки низомиён талош доштанд бинои парлумонро ишғол кунанд, қарори президентро бекор карданд. Чандин мақомдори калидӣ, аз ҷумла вазири мудофеа Ким Ён Хён ба истеъфо рафтанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эълони "ҳукумати низомӣ" дар Куриёи Ҷанубӣ. Порлумон "не" гуфтСеул Куриёи Шимолиро расман "душман" эълом кард