Раёсати корҳои дохилаи Душанбе аз боздошти як гурӯҳ ҷавонон хабар дод, ки навори муноқишаи онҳо се рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Назари ин ҷавонон ва наздиконаш ба иттиҳои маълум нест, аммо бархе корбарон чунин рафтори онҳоро маҳкум намуданд.
Пулиси Душанбе 8-уми сентябр дар хабарномае навишт, ҳодиса ҳафтаи гузашта дар кӯчаи Пӯлодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух дода, сабаби ҷанҷол нофаҳмӣ миёни ҷавонон будааст.
Ба қавли манбаъ, баъд аз пахши навор кормандони милиса маълум намуданд, ки чор ҷавон бо ҳам муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Додгоҳ ин ҷавононро барои майдавбошӣ 5-шабонарӯз ҳабс кардааст. Назари худи онҳо маълум нест ва мақомот низ шарҳи бештар надодааст.
Занозанӣ миёни наврасону ҷавонон дар солҳои охир боис ба куштаву захмӣ шудани чандин нафар шудааст. Дар чунин занозаниҳо гоҳе ҷавонон аз корд ва олоти дигар низ истифода мекунанд.