Охирин рӯзи қабули аризаҳо ба интихоботи Пенсилвания

Камал Ҳаррис, номзади Ҳизби демократ

Дар ИМА даҳҳо номзад аз ҳизбҳои дигари сиёсӣ ба мақомҳои президентӣ ва узвият дар Сенат, то 1-уми август - охирин рӯзи қабули аризаҳо талош карданд дархости ширкат дар интихоботи худро дар аёлати Пенсилвания супоранд.

Бовар меравад, ки ин аёлат дар таъини натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ нақши муҳиме мебозад.

5-уми ноябр дар интихоботи президентии Амрико ду номзади калидӣ – Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ ва Камал Ҳарриси демократ дар муқобили ҳам қарор мегиранд.

Иштироки номзадҳои ҳизбҳои сеюм ҳарчанд бо натиҷаҳои ночиз ҳам бошад, гоҳо барои таъини пирӯзии ин ё он номзади калидӣ нақши муҳим мебозад.