Додгоҳи Лефортовои шаҳри Маскав рӯзи 1 август қарори ҳабси ҳуқуқшиноси мунаққиди Кремлин Иля Новиковро содир кард, ки ошкор ҷанги Русия алайҳи Украинаро танқид кардааст. Ӯро ба хиёнат ба давлат муттаҳам кардаанд.
Новиков ҳоло дар Украина ба сар мебарад ва рӯзи 11 июн бо иттиҳоми “нашри хабарҳои дурӯғин дар бораи артиш” дар ғайбаш ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Новиков дар шарҳи қарори додгоҳ дар саҳифааш дар шабакаи Х бо истеҳзо навишт: “Ҳой, маро ғоибона ҳабс карда намешавад! Ман аллакай ғоибона дар ҳабс қарор дорам”.
Новиковро қаблан ба рӯйхати “агентони хориҷӣ” ҳам шомил кардаанд. Новиков, ки шаҳрванди Украина мебошад, солҳо пеш ба Русия кӯчида буд. Ӯ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Украина, ки бо иттиҳомҳои сиёсӣ боздошт шудаанд, дифоъ кардааст. Аз ҷумла, аз Олег Сентсов ва фаъолони ҷамъияти тоторҳои Қрим ҳимоят кардааст.
Дар Украина ӯ ба кори вакилиаш идома медиҳад.