Вазорати хазонадории Амрико ба зидди чанд шахс ва ширкате, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА дар барномаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон даст доранд, таҳримҳои нав ҷорӣ кард.
Дар изҳороти вазорат аз 30-юми июл гуфта шудааст, ки таҳримҳо панҷ нафар ва ҳафт ширкатро дар Эрон, Чин ва Ҳонгконг дар бар мегиранд.
Дар эъломия омадааст, ин афрод ва ширкатҳо дар таъмини бахшҳои калидии барномаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ҳамкорӣ кардаанд.
Таҳримҳои нав дороиҳои ин афрод ва ширкатҳоро дар Амрико баста, аз ҳар гуна муомилот бо онҳо пешгирӣ мекунад.
Таҳримҳои нав дар рӯзе ҷорӣ шуданд, ки Масъуд Пизишкиён ба ҳайси раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон савганд ёд кард.