Дар як минтақаи Покистон ба корвони мошинҳои СММ ҳамла кардаанд

Покистон

Шахсони мусаллаҳи ношинос ба корвони мошинҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ноҳияи Дараи Исмоилхони вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон ҳамла кардаанд.

Ҳодиса рӯзи 30-юми июл рӯй дод.

Абдулсалом Холид, як намояндаи пулис ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, ин мошинҳо кормандони маҳаллии СММ-ро мебурданд.

Вай афзуд, "ба назар мерасад, ҳамлагарон кӯшиш доштанд, ки кормандони Созмони Милали Муттаҳидро бирабоянд. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст. Кормандони маҳаллии Созмони Милал ба ҷойи амн бурда шуданд.”

Мақомоти Покистон дар чунин хушунатҳо асосан “Толибон”-и покистонӣ, машҳур ба “Таҳрики Толибон”-ро айбдор мекунанд.