Раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах аз президенти Кореяи Ҷанубӣ расман маъзарат хостааст.
Ҳангоми ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис (Париж) рӯзи 26-уми июл ровиён ду дафъа варзишгарони Кореяи Ҷанубиро “намояндагони Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея” муаррифӣ карданд.
Ин номи расмии Кореяи Шимолии коммунистӣ аст, ки бо Кореяи Ҷанубӣ муносибатҳои хасмона (душманона) дорад.
Вазорати варзиши Кореяи Ҷанубӣ ба таври расмӣ эътироз кард.
Томас Бах дар суҳбат бо президенти Кореяи Ҷанубӣ гуфтааст, ҳамчун шаҳрванди Олмон, ки замоне кишвараш ба ду давлат тақсим шуда буд, эҳсосоти мардуми Кореяро дарк мекунад.
Намояндаи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Марк Адамс гуфтааст, ҳангоми намоиши чорсоата пешгирӣ аз баъзе хатоҳо душвор буд.