Қирғизистон 22 шаҳрвандашро аз Сурия баргардонд

Қирғизистон 19 июл дар доираи барномаи башардӯстонаи "Айкол-6" 22 шаҳрванди худро аз Сурия ба ватан баргардондааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, 8 зан ва 14 кудакро, ки дар урдугоҳе дар шимолу шарқи Сурия қарор доштанд, ба ватан оварданд.

Барномаи башардӯстонаи "Айкол-6" бо дастгирии бевоситаи ҳукумати Амрико ташкил ва иҷро шудааст.

Ба иттилои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафтаанд, ки 140 нафарашон занонанд.