Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 18-уми июл бо сафари давлатӣ ба Узбекистон меравад.
Сардори шуъбаи сиёсати хориҷии Дастгоҳи президенти Қирғизистон Муродбек Азимбоқиев хабар додааст, ки дар ҷараёни ин сафар мулоқоту гуфтугӯҳо бо иштироки раҳбарони ду кишвар анҷом мешавад.
Ҳамчунин маросими ифтитоҳи онлайнии тарҳҳои дуҷониба баргузор хоҳад шуд.
Дар доираи сафари давлатии Ҷабборов рӯзҳои фарҳангии Қирғизистон дар Узбекистон низ баргузор мешавад.