Додгоҳ як сокини Панҷакентро барои дузанагӣ маҳкум кард

Додгоҳи шаҳри Панҷакент, як сокини ин шаҳрро барои дузанагӣ, ки дар Тоҷикистон манъ аст, ҷазо додааст.

Додгоҳи шаҳр дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки сокини ҷамоати Саразм, ки аз ӯ фақат Ҳ. З ном бурдаанд, бо вуҷуди издивоҷ дар соли 2014 ва соҳиби чаҳор фарзанд шудан, соли гузашта бо як зан аз Узбекистон ақди никоҳ бастааст.

Азбаски дар Тоҷикистон руҳониён ҳақ надоранд, байни зану марде никоҳи дуввуми мусулмонӣ банданд, никоҳи ду дар Узбекистон сурат гирифтааст.

Додгоҳи шаҳри Панҷакент гуфтааст, ки барои ин кор сокини шаҳрро ба корҳои ислоҳӣ маҳкум кард.

Дар Тоҷикистон барои дузанӣ ва бисёрзанӣ ҷаримаи бузург, то ду сол корҳои ислоҳӣ ва ё то панҷ соли зиндон ҷазо таъйин шудааст.