Хадамоти амнияти Федералии Русия (ФСБ) видеои боздошти як ҷавони 18-солаи тоҷикро нишон дод, ки гӯё қасд доштааст, дар як калисо амали террористӣ анҷом диҳад.
Дар наворе, ки расонаҳои давлатии Русия нашр карданд, ин ҷавон, ки айни замон шаҳрвандии Русияро доштааст, дар ду зарфи пластикӣ бензин мегирад ва ба самте ҳаракат мекунад.
Баъдан дар видеои сахт таҳриршуда, ки ин ҷавон гӯё эътироф мекунад, ки мехост, калисои Михайло-Архангелскро оташ занад ва роҳиби онро бикушад. Ин ҷавон, ки ФСБ аз боздошти он рӯзи 11-уми июл хабар дод, дар шаҳри Майкоп дастгир шудааст ва ба пайравӣ аз гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешавад.
ФСБ дар гузашта ҳам чунин видеоҳоро, ки шубҳаву гумон дар бораи ҳақиқат доштани онҳо зиёд аст, нашр кардааст.