Пулиси шаҳри Маскави Русия ду шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони таҷовузи ду духтар дастгир кардааст.
Раёсати тафтишотии пойтахти Русия иттилоъ дода, ки шаҳрвандони Қирғизистон бо банди "таҷовузи гуруҳӣ" дастгир шудаанд.
Бино ба хабарҳо, шаҳрвандони Қирғизистон гӯиё шаби 9-уми июл дар ҳолати мастӣ ба номуси ду духтар, ки барояшон ношинос будаанд, дастдарозӣ кардаанд. Яке аз гумонбарон амалҳояшонро бо телефон ба навор гирифтааст.
Қирғизистониҳо ба нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия низ муттаҳам мешаванд.
Пеш аз ин 6-уми июл се муҳоҷир аз Узбекистон бо гумони таҷовузи як корманди телевизиони "МАТЧ ТВ" боздошт шуда буданд.