Хадамоти матбуотии Вазорати адлияи Қазоқистон рӯзи 16-уми июл бо нашри як изҳорот гуфт, ҷонибҳо дар робита ба “ҳалли мусолиматомези баҳси тӯлонӣ бар сари дороиҳои нафту газ дар Қазоқистон" ба созиш расиданд.
Ҷузъиёти ин созиш ошкор карда намешавад. "Шартҳои созишнома махфӣ мемонад", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Баҳси додгоҳии Стати бо ҳукумати Қазоқистон чандин сол аст, идома дорад. Анатол Стати ва писараш Габриэ, ки ба бахши нафту гази Қазоқистон сармоягузорӣ карда буданд, Остонаро ба кӯшиши ғасби рейдерии амволи худ айбдор ва беш аз чаҳор миллиард доллар ҷуброн талаб карданд.
Пештар Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ баҳсро ба нафъи соҳибкорони молдовӣ ҳал карда, аз Қазоқистон хост, ба онҳо беш аз 500 миллион доллар диҳад. Вале Остона барои лағви ҳукм талош дорад.