Анбори азими нафт дар Ростови Русия аз зарбаи дрон оташ гирифт

Украина борҳо анборҳои нафти Русияро баъд аз таҷовузи ин кишвар ба қаламраваш ҳадаф гирифтааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаи паҳподи Украина ба як анбори нафт дар вилояти Ростов ин анбор оташ гирифта, дар масоҳати васеъ паҳн шудааст.

Дар ин бора Василий Голубев, раиси вилоят дар Телеграм субҳи 13-уми июл хабар додааст. Ба қавли ӯ, дар маҳалли ҳодиса 49 оташнишон бо 14 мошини оташнишонӣ кор мекунанд. Бино ба иттилои пешакӣ, касе дар ин ҳамла осеб надидааст.

Мақомоти Украина ин хабарро шарҳ надодаанд.