Дар Русия назорати блогерон сахттар мешавад

Соҳибони саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия, ки рӯзона беш аз ҳазор бинанда доранд, вазифадор хоҳанд шуд, ки дар бораи худ ба "Роскомнадзор" маълумот пешниҳод кунанд.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба "Роскомнадзор" навиштааст, ҳатто блогерони хурд ҳам муваззаф мешаванд, ки ному насаб ва рақамҳои телефони худро ба ин ниҳод пешниҳод намоянд.

“Ин сабтином нест. Танҳо огаҳ кардани ниҳоди дахлдор аст, ки соҳиби саҳифаи паҳнкунандаи маълумот кӣ мебошад”, - шарҳ доданд дар "Роскомнадзор".

Ҳамчунин нашри эълом дар саҳифаи блогероне, ки дар бораи худ ба "Роскомнадзор" маълумот пешниҳод накардаанд, манъ хоҳад шуд.